LIVE

Дастаи олмонӣ қаҳрамони Россияро ноком кард

Даври 4-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо барои қаҳрамони феълии Россия дастаи “Зенит” бебарор сипарӣ шуд. Дар ин давр дастаи “Зенит” бо намояндаи Олмон тими «РБ Лейпсиг» майдондорӣ кард. Дар ин дидор бошгоҳи «РБ Лейпсиг» ба дарвозаи “Зенит” ду голи беҷавоб зад. Ҳамин тавр рақобати дастаҳо бо натиҷаи 2:0 ба суди дастаи олмонӣ хотима ёфт. Голҳоро Диего Демме ва Марсел Забитсер муаллифӣ намуданд. Баъди ин бозӣ «РБ Лейпсиг» бо дарёфти 9 хол садрнишини ҷадвали гурӯҳи “G” ба ҳисоб меравад. “Зенит” бошад, 4 имтиёз дораду зинаи дуюмро ба худ ихтисос додааст.
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив