Шаби 8-ум ва 9-уми апрел бозии аввали даври чорякфиналии Лигаи Чемпионҳои УЕФА 2025/26 байни дастаҳои “ПСЖ” (Фаронса) ва “Ливерпул” (Англия) дар варзишгоҳи Парк де Пренси шаҳри Париж баргузор мешавад. Ин бозиро метавон ба таври мустақим соати 00:00 ба вақти шаҳри Душанбе аз ТВ “Футбол” тамошо кунед.
Лигаи Чемпионҳо. Чорякфинал. Бозии аввал
9 апрели соли 2026, панҷшанбе. соати 00:00 ДШБ
“ПСЖ” (Париж, Фаронса) – “Ливерпул” (Ливерпул, Англия)
Бозии ҷавобӣ байни “Ливерпул” ва “ПСЖ” санаи 14-уми апрел дар Энфилди “Ливерпул” баргузор мешавад.
Дар даври 1/8 финалӣ парижиён “Челси”-ро бо ҳисоби умумии 8-2 шикаст доданд. Дар ҳамин марҳилаи мусобиқа "сурхҳо" "Галатасарой"-ро бо ҳисоби умумии 4-1 ноком карданд.
[hide][/hide]
