Имрӯз, 29-уми апрел, дар доираи бозии аввали даври ниманиҳоии мусобиқаи асосии бошгоҳии сайёра дастаҳои “Арсенал” ва “ПСЖ” бозӣ мекунанд. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи Эмирейтси шаҳри Лондон имшаб, соати 00:00 ба вақти шаҳри Душанбе оғоз мегардад. Рақобатро мухлисони ТВ “Футбол” метавонанд ба таври мустақим тамошо намоянд.
Лигаи чемпионҳо. 1/2 финал. Бозии 1-ум
30 апрели соли 2025, чоршанбе. 00:00 ДШБ
“Арсенал” (Лондон, Англия) – “ПСЖ” (Париж, Фаронса)
Ҳарду даста дар ин мавсими Лигаи Чемпионҳо натиҷаҳои ҷолиб нишон доданд. “ПСЖ” дар 1/8 финалӣ бо «Ливерпул» вохӯрда, тибқи натиҷаи ду рақобат пирӯзӣ ба даст овард. “Арсенал” бошад дар марҳилаи чорякфинали ғолиби феълии мусобиқа “Реал Мадрид”-ро бо ҳисоби умумии 5:1 дар ду бозӣ шикаст дод.
Дастаҳои «Арсенал» ва «ПСЖ» дар марҳилаи умумии ин мусобиқа аллакай вохӯрданд. Шогирдони Артета дар марҳилаи умумӣ парижиёнро дар майдони худ бо ҳисоби 2:0 бо осонй мағлуб карданд.
Агар шумо ба фурӯш ё харидани гурда таваҷҷӯҳ дошта бошед, лутфан шарм надоред, ки тавассути мо дар тамос шавед,
Почтаи электронӣ: contact@mountalverniahospitals.com
Рақами Whats-app: +447463920079
Бо эҳтиром,
DR MAXWELL .P.
Мушовири байналмилалии тиббӣ.PHDLL.CDC.