LIVE

Артета баъди бозӣ бо “Реал” ба Гвардиола изҳори сипос намуд

Сармураббии «Арсенал» Микел Артета баъди пирӯзии дастааш бо ҳисоби (2:1) бар «Реал»  ба сармураббии «Манчестер Сити»  Хосеп Гвардиола изҳори сипос намуд.
Лигаи чемпионҳо. 1/4 финал. Бозии 2-юм
Панҷшанбе, 17 апрели соли 2025. 00:00 ДШБ
“Реал Мадрид” (Мадрид, Испания) 1:2 “Арсенал” (Лондон, Англия)
0:1 Сака – 65'     1:1 Винисиус Жуниор – 67'     1:2 Мартинелли – 90+3'
"Ман субҳи имрӯз ба ӯ занг задам. Зеро агар ман дар инҷо ҳастам, ин бештар ба шарофати ӯ аст. Ӯ барои ман илҳоми бузурге бахшид. Чаҳор соли олиҷаноб бо ӯ будам ва ҳамеша аз ӯ миннатдор хоҳам буд. Бе ӯ ман дар ин ҷо намебудам", - иқтибос меорад Sky Sport аз суханони Артета.
Ёдовар мешавем, ки Артета аз соли 2016 то 2019 дар “Манчестер Сити” ёвари Гвардиола буд.
Дар бозии аввал “Арсенал” бар “Реал Мадрид” бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард. Бошгоҳи Лондон барои аввалин бор аз мавсими 2008/2009 дар даври ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳо бозӣ мекунад. Бошгоҳи шаҳри Лондон барои роҳхати финалӣ бо ПСЖ рақобат мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив