LIVE

Артета бохти “Арсенал”-ро дар Ҷоми Лигаи Англия аз “Нюкасл” шарҳ дод

Сармураббии “Арсенал”-и Лондон Микел Артета дар бораи аз идомаи рақобатҳо маҳрум шудани “тӯпчиён”  пас аз бохт дар дар даври ниманиҳоии Ҷоми Лигаи Англия аз “Нюкасл Юнайтед” (0:4) изҳори назар кард. Ёдовар мешавем, ки дар ин бозӣ, ки дар дар Нюкасл-апон Тайн баргузор шуд, мизбонон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд.
Англия - Ҷоми Лига. 1/2 финалӣ. Бозии 2-юм
06 феврали соли 2025, панҷшанбе. 01:00 бо вақти Душанбе
“Нюкасл Юнайтед” (Нюкасл апон Тайн) 2:0 “Арсенал” (Лондон)
1:0 Мерфи – 20' 2:0 Гордон – 52'
«Мо умеди зиёд доштем ва боварӣ доштем, ки ғалаба карда метавонем. Бозӣ аз ҳуҷуми аввал бо гол оғоз ёфт, вале онро довар ба ҳисоб нагирифт. Мо ду шонси хуб доштем, аммо аз онҳо истифода набурдем ва рафти бозӣ дигар шуд. Аз ҷиҳати ҷисмонӣ хаста шудем, зеро  бозиҳои бисёре доштем. Аз ҷиҳати равонӣ ҳам осон набуд. Ин бозӣ аз ҷумлаи он бозиҳое набуд, ки мо боварии комил доштем, ки метавонем ба натиҷаи мусбат ноил шавем.
Мо бояд онро қабул кунем. Мефаҳмидем, ки бо вуҷуди натиҷаи вохӯрии якум вазифа душвор аст. Ин ҳоло хеле дардовар аст, аммо  бояд ба оянда назар кунем" иқтибос овардааст Football London аз суханони Артета.
Ҳамин тариқ, «Нюкасл» аввалин иштирокчии бозии финалии Ҷоми Лигаи Англия гардид. Дар бозии ҳалкунанда “зоғон” бо ғолиби бархӯрди “Ливерпул” ва “Тоттенҳэм Хотспур” вомехӯранд. Бозии аввал ба фоидаи «Тоттенхэм» — 1:0 анҷом ёфта буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив