LIVE

«Манчестер Юнайтед» нишондодҳои бади рекордии 94 соли охирро такрор кард

Бозии даври 19-уми Премйер-Лигаи Англия, ки дар он дастаҳои «Манчестер Юнайтед» ва «Нюкасл Юнайтед» вохӯрданд, дар варзишгоҳи «Олд Траффорд»-и Манчестер (Англия) бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт.
Англия - Премер-лига. Даври 19-ум
30-юми декабри соли 2024, Сешанбе. 01:00 бо вақти Душанбе
“Манчестер Юнайтед” (Манчестер) 0 : 2 “Нюкасл Юнайтед” (Нюкасл апон Тайн)
0:1 Исак – 4' 0:2 Жоэлинтон – 19'
Ҳамин тариқ, дар маҷмӯъ дар моҳи декабр “маникуаниҳо” дар тамоми мусобиқаҳо шаш мағлубият диданд. Ба гуфтаи Опта  ин антирекорди бошгоҳӣ дар тӯли 94 соли охир аст. Аз моҳи сентябри соли 1930 инҷониб чунин нишондоди бад руй надода буд ва вазъияти онвақта аз ин ҳам бадтар буд — даста дар зарфи як моҳ ҳафт маротиба мағлуб шуда буд.
«Манчестер Юнайтед» аз 19 бозӣ 22 имтиёз ба даст оварда, дар зинаи 14-уми Премер-Лигаи Англия қарор дорад. «Ньюкасл Юнайтед» бошад бо 32 хол аз ҳамин шумораи вохӯриҳо дар дар ҷои панҷуми ҷадвали чемпионати Англия мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив