Шаби 12-ум ба 13-уми март дар доираи бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА 2024/2025 дастаҳои «Арсенал»-и Англия ва ПСВ-и Нидерланд дар варзишгоҳи Эмирейтси шаҳри Лондон вохӯрда, бозӣ бо ҳисоли 2:2 анҷом ёфт.
Лигаи чемпионҳо. 1/8 финал. Бозии 2-юм
13-уми марти соли 2025, панҷшанбе. 23:00 бо вақти Душанбе
“Арсенал” (Лондон, Англия) 2:2 “ПСВ Эйндховен” (Эйндховен, Нидерланд)
1:0 Зинченко – 6’ 1:1 Перишич – 18’ 2:1 Райс – 37’ 2:2 Дриос – 70’
Аллакай дар дақиқаи шашум нимҳимоятгари украинӣ Александр Зинченко ҳисоби бозиро кушод. Дар дақиқаи 18-ум бошад нимҳимоятгари хорватии “ПСВ” Иван Перишич ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 37-ум Деклан Райс Арсеналро ба пеш баровард. Бошгоҳи нидерландӣ дар дақиқаи 70-ум ба шарофати голи ҳамлагар Кухиб Дриош ба бозӣ баргашт.
Бозии аввал байни дастаҳо бо ҳисоби 7:1 бо пирӯзии лондониҳо анҷом ёфта буд. Ҳамин тариқ, “Арсенал” дар ду рақобат бо ҳисоби (9:3) ғолиб омада, ҳаққи ширкат дар даври чорякфиналии Лигаи Чемпионҳоро ба даст овард.