Бозии аввали даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА, ки дар он дастаҳои “ПСЖ” ва «Ливерпул» вохӯрданд, дар варзишгоҳи «Парк де Пренс»-и Париж бо ҳисоби 1:0 ба нафъи меҳмонон хотима ёфт.
Лигаи чемпионҳо. 1/8 финал. Бозии 1-ум
06 марти соли 2025, панҷшанбе. 01:00 бо вақти Душанбе
“ПСЖ” (Париж, Фаронса) 0 : 1 “Ливерпул” (Ливерпул, Англия)
0:1 Эллиотт – 87'
Пирӯзии “Ливерпул”-ро ҳамлагар Ҳарви Эллиотт дар дақиқаи 87-ум, ҳамагӣ як дақиқа пас аз баромаданаш ба майдон зад, ба даст овард.
Дастаҳо қаблан соли 2018 бо ҳам вохӯрда, дар марҳилаи гурӯҳӣ ду бозӣ анҷом дода буданд. Дар вохурии якум англисҳо ғалаба карда (3:2), дар бозии дуюм бошад футболбозони шаҳри Париж (2:1) зӯр баромаданд.
Ёдовар мешавем, ки ПСЖ даври умумии Лигаи Чемпионҳоро дар зинаи 15-уми ҷадвали мусобиқот ба анҷом расонд. «Ливерпул» чои якумро гирифт. Бозии ҷавобии даври 1/8 финалӣ миёни ин дастаҳо рӯзи 11-уми март баргузор мешавад.