Бозии даври 4-уми марҳилаи умумии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА, ки дар он дастаҳои «Пари Сен-Жермен»-и Фаронса ва «Атлетико Мадрид»-и Испания дар варзишгоҳи «Парк де Принс»-и Париж (Фаронса) вохӯрданд, бо ҳисоби 2:1 ба нафъи «Атлетико» хотима ёфт.
Лигаи чемпионҳо. Марҳилаи умумӣ. Даври 4-ум
07-уми ноябри соли 2024, панҷшанбе. 01:00 бо вақти Душанбе
“ПСЖ” (Париж, Фаронса) 1:2 “Атлетико М” (Мадрид, Испания)
1:0 Зоир-Эмери – 14' 1:1 Молина – 18' 1:2 Корреа – 90+3'
Дар дақиқаи 14-ум нимҳимоятгари “ПСЖ” Уоррен Зоир-Эмери аз паси Усмон Дембеле ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 18-ум бошад голи ҷавобии «Атлетико»-ро ҳимоятгар Науэл Молина ба самар расонд. Дар дақиқаи 90+3-юм ҳамлагари мадридиҳо Анхел Корреа ба «Атлетико» пирӯзӣ овард.
ПСЖ аз чаҳор даври аввал чаҳор хол ба даст оварда, дар ҷои 24-уми ҷадвали мусобиқот қарор дорад. «Атлетико» бошад бо шаш имтиёз дар мақоми 22-юм аст.