Бозии даври 6-уми марҳилаи умумии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА, ки дар он дастаҳои «Жирона»-и Испания ва «Ливерпул»-и Англия вохӯрданд, дар варзишгоҳи Мунисипал де Монтиливи шаҳри Жирона (Испания) баргузор шуд ва бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи “Ливерпул” анҷом ёфт.
Лигаи чемпионҳо. Марҳилаи умумӣ. Даври 6-ум
10 декабри соли 2024, сешанбе. Соати 22-45 бо вақти Душанбе
“Жирона” (Жирона, Испания) 0 : 1 “Ливерпул” (Ливерпул, Англия)
0:1 Салоҳ – 63'
Дар нимаи аввал дастаҳо гол зада натавонистанд ва бо ҳисоби мусовӣ ба танаффус баромаданд. Дар дақиқаи 63-юм ҳамлагари дастаи “Ливерпул” Муҳаммад Салоҳ голи аввал ва ягонаи ин дидорро аз зарбаи пеналти ба самар расонид.