Имрӯз, 5-уми ноябр бозии даври 4-уми марҳилаи умумии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА миёни дастаҳои «Байер»-и Леверкузен аз Олмон ва «Ливерпул»-и Англия доир мешавад. Дастаҳо дар варзишгоҳи «Энфилд»-и Ливерпул бозӣ намуда, вохӯриро ҳайати доварони швейтсарӣ таҳти сарварии Дэнни Маккелӣ идора мекунанд.
Рақобат соати 01:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад ва онро метавон ба таври мустақим тариқи ТВ “Футбол” тамошо намуд.
Лигаи чемпионҳо. Марҳилаи умумӣ. Даври 4-ум
06-уми ноябри соли 2024, чоршанбе. 01:00 бо вақти Душанбе
“Ливерпул” (Англия) – “Байер” (Олмон)
Дар бозии даври 3-юм «Ливерпул» бар «Лейпсиг» бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард ва «Байер» бошад бо “Брест” аз Фаронса мусовӣ намуд. Дар ҷадвали мусобиқот «сурхҳо» дар зинаи дуюм қарор дошта, «дорусозон» бошанд дар мақоми шашум мебошанд.