Бозии даври 7-уми марҳилаи умумии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА, ки дар он дастаҳои “ПСЖ”-и Фаронса ва “Манчестер Сити”-и Англия вохӯрданд, дар варзишгоҳи «Парк де Пренс»-и Париж (Фаронса) бо ҳисоби 4:2 ба нафъи “парижиён” анҷом ёфт.
Лигаи чемпионҳо. Марҳилаи умумӣ. Даври 7-ум
23 январи соли 2025, панҷшанбе. 01:00 бо вақти Душанбе
“ПСЖ” (Париж, Фаронса) 4:2 “Манчестер Сити” (Манчестер, Англия)
0: 1 Грилиш - 50' 0: 2 Ҳолланд - 53' 1: 2 Барколя - 56' 2 : 2 Барколя - 60"
3: 2 Невеш 78’ Рамуш 90+3’
Дар дақиқаи 50-ум нимҳимоятгари дастаи «Манчестер Сити» Ҷек Грилиш ҳисоби бозиро боз кард. Дар дақиқаи 53-юм ҳамлагар Эрлинг Ҳоланд ҳисобро ду бар сифр намуд. Дар дақиқаи 56-ум бошад вингери “ПСЖ” Усмон Дембеле натиҷаи рақобатро 1-2 намуд. Дар дақиқаи 60-ум ҳамлагари “парижиҳо” Брэдли Баркола ҳисобро 2:2 кард. Дар дақиқаи 78-ум нимҳимоятгари мизбон Жоао Невеш дастаашро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 90+6-ум бошад голи чаҳоруми тими фаронсавиро Гонсало Рамос ба самар расонд.
Пас аз ҳафт давр “ПСЖ” 10 имтиёз гирифта, дар ҷои 23-юм қарор доранд. «Манчестер Сити» бошад бо 8 имтиёз дар зинаи 25-ум мебошад.