Бозии даври 9-уми Лигаи 1-и Фаронса, ки дар он дастаҳои «Марсел» ва «ПСЖ» дар варзишгоҳи «Оранж Велодром»-и шаҳри Марсел вохӯрданд, бо ҳисоби 3:0 ба нафъи парижиён ба анҷом расид.
Фаронса - Лига 1. Даври 9-ум
28 октябри соли 2024, душанбе. Соати 00-45 бо вақти Душанбе
“Марсел” (Марсел) 0 : 3 “ПСЖ” (Париж)
0:1 Невес – 7' 0:2 Балерди – 29' 0:3 Баркола – 40'
Корти сурх: Арит – 20'
Нимҳимоятгари “ПСЖ” Жоау Невес дар дақиқаи ҳафтум гба кушодани ҳисоб даст ёфт. Дар дақиқаи 20-ум бозигари «Марсел» Амин Арит корти сурх гирифт. Дар дақиқаи 29-ум бошад ҳимоятгари «Марсел» Леонардо Балерди тӯбро ба дарвозаи худаш равон кард. Дар дақиқаи 40-ум ҳамлагари «ПСЖ» Брэдли Баркола ҳисобро се бар сифр намуд.
«Марсел» дар ҷадвали Лигаи 1-и Фаронса 17 имтиёз дорад. “ПСЖ” бошад 23 имтиёз ба даст оварда, дар зинаи аввал аст.
Мавсими гузашта дастаҳо ду маротиба дар бозии чемпионати Фаронса бо ҳам бозӣ карда, “ПСЖ” дар даври аввал бар тими «Марсел» бо ҳисоби 4:0 ва дар даври дуюм дар меҳмонӣ бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд.