Бошгоҳи ПСВ-и Нидерланд дар бозии ҷавобии марҳилаи плей-оффи Лигаи Чемпионҳо бар “Ювентус” зафар ёфта, ба даври ҳаштякниҳоб рафт. Бозии дастаҳо то вақти изофӣ тӯл кашида, бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи тими мизбон анҷом ёфт.
Қобили зикр аст, ки бозии аввал миёни дастаҳо дар шаҳри Турин баргузор шуда, бо пирӯзии тими “Ювентус” бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфта буд. Ҳамин тариқ, аз рӯи ҷамъи ду бозӣ бо ҳисоби 4 бар 3 дастаи ПСВ ба марҳилаи навбатии мусобиқот роҳхат гирифт. Дастаи шаҳри Турин аз идомаи мусобиқа бенасиб шуд.
Ба голи нимҳимоятгари 36 сола хорватӣ Иван Перишич дар дақиқаи 53-юм тими ПСВ дар ҳисоб ба пеш баромад. Дар идома бо зарбаи дақиқи худ, ҳимоятгари “Ювентус” Тимоти Веа дар дақиқаи 63-юм ҳисобро баробар намуд.
Дар дақиқаи 71-ум нимҳимоятгари марокашии ПСВ Исмоил Сайбарӣ аз паси Люк де Йонг истифода карда, ҳисобро 2 бар 1 намуд. Райан Фламинго дар вақти иловагӣ голи пирӯзиоварро барои ПСВ ба самар расонид.
Ёдовар мешавем, ки дар даври 1/8 финали Лигаи Чемпионҳо ПСВ бо “Арсенал”-и Англия ё “Интер”-и Италия вомехӯрад. Қуръакашии ин марҳила бо ширкати 16 дастаи пурқуввати мусобиқа рӯзи ҷумъаи 21-уми феврал баргузор мешавад.