Бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА дар мавсими 2024/2025, ки дар он дастаҳои «Атлетико» ва «Реал Мадрид» вохӯрданд, дар варзишгоҳи “Riyadh Air Metropolitano” дар шаҳри Мадрид анҷом ёфта, ба ҳисоби 1:0 ба фоидаи «ҳиндувониён» анҷом ёфт, вале дар зарбахои пеналтй «қаймоқиҳо» дақиқтар баромаданд — 4:2.
Лигаи чемпионҳо. 1/8 финал. Бозии 2-юм
13 марти соли 2025, панҷшанбе. 01:00 бо вақти Душанбе
“Атлетико” (Мадрид, Испания) 1:0 (2:4) “Реал Мадрид”
1:0 Галлахер – 1'
Ғалабаи «Атлетико»-ро дар вақти асосӣ бо голи хеш дар дақиқаи аввали бозӣ нимҳимоятгари англис Конор Галлахер овард. Вақти асосӣ бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт. Дар вақти иловагӣ гол зада нашуд. Дар зарбаҳои пеналтӣ бошад бошгоҳи шоҳона дақиқтар баромада, панҷ кӯшиш чортоашро ба ҳадаф расонид. Зарбаи охиринро аз мавқеъи ёздаҳметра ҳимоятгар Антонио Рюдигер иҷро намуд. Аз сафи "сурху сафедҳо" зарбаи Хулиан Алварес ба далели расиши дукарата ба тӯб бюа қайд нагирифтанд. Ҳамчунин нимҳимоятгар Маркос Лйоренте забари худро ба гол табдил дода натавонист. Дар ҳайати “Реал Мадрид” танҳо капитани тим Лукас Васкес натавонист гол занад.
Бозии аввал байни ин дастаҳо бо пирӯзии соҳибони “Лос-Бланкос” бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. Голҳоро Родриго Гоес, Браим Диас (ҳарду Реал Мадрид) ва Ҷулиан Алварес («Атлетико Мадрид») заданд.
Ҳамин тариқ, «Реал» ба даври чорякфиналии Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфт. Дастаи Карло Анчелотти дар даври баъдӣ бо тими “Арсенал”-и Лондон вомехӯрад, ки дар маҷмӯъ бар ПСВ Эйндховен (9:3) пирӯз шуд.