LIVE

"Реал Мадрид" бо як мушкилӣ ба даври ниманиҳоии Ҷоми Испания роҳ ёфт

Бозии даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Испания байни дастаҳои “Леганес” ва “Реал Мадрид” дар «Эстадио Мунисипал де Бутарке»-и Леганес (Испания)  бо ҳисоби 3:2 ба нафъи «Реал Мадрид» ба анҷом расид.
Ҷоми Испания. 1/4 финалӣ
06 феврали соли 2025, панҷшанбе. 01:00 бо вақти Душанбе
“Леганес” (Леганес) 2:3 “Реал Мадрид” (Мадрид)
0:1 Модрич – 18'     0:2 Эндрик – 25'     1:2 Круз – 39’     2:2 Круз – 59’     2:3 Торрес – 90+3'
Ҳисоби ин бозиро дар дақиқаи 18-ум   нимҳимоятгари дастаи “Реал Мадрид” Лука Модрич боз кард. Дар дақиқаи 25-ум Эндрик ҳисоби рақобатро ба фоидаи меҳмонон дучанд намуд. Дар дақиқаи 39-ум бошад Хуан Круз як голи мизбононро аз зарбаи пеналти ба самар расонд. Круз аллакай дар дақиқаи 59-ум аз голи дуюми хеш истиқбол гирифт. Дар дақиқаи 90+3-юм бошад Фран Гарсия голи пирӯзиоварро ба нафъи меҳмонон ба ҳадаф расонид.
Ғолиби феълии Ҷоми Испания “Атлетик Билбао” мебошад, ки дар бозии ниҳоӣ бар “Малйорка” бо ҳисоби 1:1 (зарбаи пеналтӣ 4:2) ғолиб омад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив