LIVE

“Реал Мадрид” ба даври нимфинали Ҷоми Испания баромад

Бозии чорякфиналии Ҷоми Испания баргузор шуд, ки дар он “Реал Мадрид” дар майдони худ “Атлетико”ро қабул кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Сантяго Бернабеу» баргузор шуд ва бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 3:1 анҷом ёфт.

Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Ҳисобро ҳамлагари «Атлетико Мадрид» Алваро Морато  боз кард. «Реал» дар дақиқаи 79-ум ҳисобро баробар кард. Голро Родриго ба самар расонид. 

Дар дақиқаи 104-ум ҳамлагар Карим Бензема дастаи “Реал”-ро пешбарӣ кард. Винисиус Жуниор, ки дар дақиқаи 121-ум голи охирини бозиро ба ҳадаф расонид. 

Ҳамин тариқ, «Реал» ба даври ниманиҳоии Ҷоми Испания роҳ ёфт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив