Имрӯз, 12-уми март бозиҳои ниҳоии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА дар мавсими 2024/2025 баргузор мешаванд. Дар доираи ин рӯзи бозӣ чаҳор вохӯрӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи бозии марказӣ дастаҳои «Атлетико» ва «Реал Мадрид» вомехӯранд.
Лигаи Чемпионҳои УЕФА, 1/8 финал, ҷадвали бозӣ:
Соати 22-45 бо вақти Душанбе. "Лилл" - "Боруссия Дортмунд";
01:00 бо вақти Душанбе. “Астон Вилла” – “Брюгге”;
01:00 бо вақти Душанбе. “Атлетико Мадрид” – “Реал Мадрид”
01:00 бо вақти Душанбе. “Арсенал” – “ПСВ”.
Рӯзҳои 4 ва 5-уми март бозиҳои аввали даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо баргузор шуданд. Санаи баргузории бозиҳои ҷавобӣ рӯзҳои 11-ум ва 12-уми март аст. Дар асоси натиҷаи ин бозиҳои рӯйхати пурраи ширкаткунандагони даври чорякфиналии Лигаи Чемпионҳо муайян хоҳад шуд. Бозии ниҳоии ин мусобиқа санаи 31-уми май дар шаҳри Мюнхен баргузор мешавад.
Ғолиби феълии Лигаи Чемпионҳо бошгоҳи “Реал Мадрид” мебошад. Дар финали мусобиқаи гузашта «Лос-Бланкос» бар «Боруссия» Дортмунд (2:0) ғалаба карда буд.