LIVE

Бозии рӯз дар ТВ “Футбол”: “Байер” – “Бавария”

Имрӯз, 11-уми март бозиҳои ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА дар мавсими 2024/2025 баргузор мешаванд. Дар ин рӯзи бозӣ чаҳор вохӯрӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи рақобати марказӣ дастаҳои «Ливерпул» ва «Пари Сен-Жермен» вомехӯранд.
Лигаи Чемпионҳои УЕФА, 1/8 финал, бозиҳои ҷавобӣ:
Соати 22-45 бо вақти Душанбе “Барселона” – “Бенфика”;
01:00 бо вақти Душанбе. “Ливерпул” – “ПСЖ”;
01:00 бо вақти Душанбе. “Байер” – “Бавария”;
01:00 бо вақти Душанбе. «Интер» — «Фейеноорд».
Рӯзҳои 4-уми ва 5-уми март бозиҳои аввали даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо баргузор шуданд. Бозиҳои ҷавобӣ рӯзҳои 11 ва 12 март баргузор мешаванд. Дар асоси натиҷаи ин рақобатҳо рӯйхати пурраи дастаҳо иштирокчии даври чорякфиналии Лигаи Чемпионҳо муайян хоҳад шуд. Бозии ниҳоии ин мусобиқа рӯзи 31-уми май дар шаҳри Мюнхен доир мегардад.
Ғолиби феълии Лигаи Чемпионҳо “Реал Мадрид” аст, ки дар рақобати финалии мавсими гузашта   бар «Боруссия»-и Дортмунд (2:0) ғалаба карда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив