LIVE

Бозии рӯз дар ТВ “Футбол”: “ПСЖ” – “Ливерпул”

Имрӯз, 5-уми март бозиҳои аввали даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои мавсими 2024/2025 баргузор мешаванд.
Ҷадвали бозиҳои Лигаи Чемпионҳои УЕФА, ки рӯзи 5-уми март (бо вақти Душанбе) доир мегарданд:
22:45. «Фейеноорд» (Нидерланд) – «Интер М» (Италия);
01:00. ПСЖ (Фаронса) – «Ливерпул» (Англия);
01:00. «Бавария» (Олмон) – «Байер» (Олмон);
01:00. «Бенфика» (Португалия) – «Барселона» (Испания).
Ғолиби феълии Лигаи Чемпионҳо “Реал Мадрид” мебошад. Дар бозии финалии мавсими гузашта "Лос Бланкос" бар тими "Боруссия Дортмунд" бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд. Голҳоро ҳимоятгар Даниэл Карвахал ва нимҳимоятгар Винисиус Жуниор ба дарвозаи тими олмонӣ заданд.
Ёдовар мешавем, бозии аввали даври ҳашякниҳоӣ миёни дастаҳои “ПСЖ”-и Фаронса ва “Ливерпул”-и Англия имшаб соати 01:00 ба вақти шаҳри Душанбе мустақиман тариқи ТВ “Футбол” манзури бинандагон мегардад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив