21-уми феврал қуръакашии марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА-2024/2025 баргузор шуд. Дар натиҷа, ҷуфтҳои зерин ташкил карда шуданд.
«Брюгге» - «Астон Вилла»
«Боруссия»-и Дортмунд - «Лилл»
«Реал Мадрид» - «Атлетико»
«Бавария»- «Байер»
ПСВ — «Арсенал»
«Фейеноорд» -«Интер»
«ПСЖ» - «Ливерпул»
«Бенфика» -«Барселона»
Ҳамин тавр, дар ин марҳила бозиҳои ҷолиб моро интизор аст. Дербии шаҳри Мадрид миёни “Атлетико” ва “Реал”, “ПСЖ” ва “Ливерпул” аз бозиҳои ҷолиби дигар, “Бавария” ва “Байер” аз бозиҳои тамошобоби дигари ин марҳила аст.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои аввали ин марҳила рӯзи сешанбеи 4 –уми март ва бозиҳои ҷавобӣ 11-уми март доир мегарданд. Ғолиби феълии мусобиқа “Реал Мадрид” маҳсуб мешавад.