Ҳама бозиҳои даври плей-офф барои роҳ ёфтан ба марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо анҷом ёфтанд. Ба ҳашт дастаи пурқувват дар ҷамъбасти марҳилаи умумии мусобиқа ҳашт ғолиби бозиҳои плей-офф ҳамроҳ шуданд.
«Фейеноорд», «Брюгге», «Бавария», «Бенфика», «Боруссия Дортмунд», «Пари Сен-Жермен», «Реал Мадрид» ва ПСВ ба даври 1/8 ниҳоии мусобиқаи бошгоҳҳои асосии Аврупо роҳ ёфтанд.
Ҳама дастаҳои дар боло номбаршуда ба 16 клуб ҳамроҳ шуданд, ки муборизаро барои пирӯзӣ дар ин мусобиқа идома медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки пас аз ҷамъбасти марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳо дастаҳои «Ливерпул», «Барселона», «Арсенал», «Интер», «Атлетико Мадрид», «Байер», «Лилл» ва «Астон Вилла» ба даври 1/8 роҳхат гирифтанд.
Қуръакашии даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо бегоҳии рӯзи ҷумъаи 21-уми феврал баргузор мешавад. Бозиҳои аввал рӯзи сешанбеи 4 –уми март ва бозиҳои ҷавобӣ 11-уми март дар назар аст.