LIVE

8 иштирокчии плей-оффи Лигаи Аврупо муайян шуд

Ҳама бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо ба анҷом расида, аз рӯи натоиҷи он 8 иштирокчии даври 1/8 ниҳоӣ муайян шуд.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои аввалро гирифтанд, ба даври 1/8 финалии мусобиқа роҳ ёфтанд. Инҳо Лион, Монако, Спартак, Айнтрахт, Галатасарай, Срвена Звезда, Байер ва Вест Хэм мебошанд. Боз ҳашт дастаи дигар, ки дар ин марҳилаи мусобиқот ширкат мекунанд, аз рӯи натоиҷи бозиҳои плей-офф муайян хоҳанд шуд.
Қуръакашии даври 1/8 ниҳоии Лигаи Аврупо 25 феврал баргузор мешавад. Дар он 16 клуб иштирок мекунанд - ҳашт клуб, ки дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо ҷои аввалро гирифтанд ва ҳашт дастае, ки дар бозиҳои гузаришӣи Лигаи Аврупо ғолиб омадаанд.

Бозиҳои аввал 10 март баргузор мешаванд. Бозиҳои ҷавобӣ 17 март дар назаранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив