LIVE

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи плей-оффи Лигаи Чемпионҳо

Имрӯз, 31-уми январ маросими қуръакашии бозиҳои плей-оффи Лигаи Чемпионҳо дар шаҳри Нйони Фаронса дар мавсими ҷорӣ баргузор шуд.
Қобили зикр аст, ки дар сабқати умумӣ дастаҳое, ки ҷойҳои аз 9-ум то 16-умро гирифтанд, бо дастаҳое, ки ҷойҳои аз 17-ум то 24-умро ишғол карданд бозӣ хоҳанд кард. Дастаҳои пешсаф бозиҳои ҷавобии плей-оффро дар майдони худ мегузаронанд.
Ҳашт ғолиби даври плей-офф ба даври 1/8 –ниҳоӣ роҳхат мегиранд ва дар он бо яке аз ҳашт дастаи беҳтарини марҳилаи умумӣ, ки дар қуръакашӣ муайян карда мешаванд, бозӣ хоҳанд кард.
Бозии асосӣ "Манчестер Сити" зидди "Реал Мадрид" аст, ки тими ғолиб бо "Атлетико" ё "Байер" бозӣ хоҳад кард . Ғолибони ҷуфтҳои “Брест” – “ПСЖ” ва “Монако” – “Бенфика” дар даври 1/8 финал бо “Барселона” ё “Ливерпул” вомехӯранд.
Натиҷаи қуръакашии марҳилаи плей-оффи Лигаи Чемпионҳо
«Брест» — «ПСЖ»;
«Монако» — «Бенфика»;
«Ювентус» — ПСВ;
«Фейеноорд» — «Милан»;
«Манчестер Сити» — «Реал» Мадрид;
«Селтик» — «Бавария»;
«Брюгге» — «Аталанта»;
«Спортинг» — «Боруссия»-и Дортмунд
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои аввал рӯзҳои 11-ум ва 12-уми феврал ва бозиҳои ҷавобӣ рӯзҳои 18-ум ва 19-уми феврал дар назар аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив