Имрӯз, 10-уми август дар доираи бозии финалии мусобиқаи футболи бонувон дар Бозиҳои олимпии соли 2024 дар шаҳри Париж мунтахабҳои ИМА ва Бразилия ба ҳам меоянд.
Бозии финалӣ миёни мунтахабҳои Бразилия ва ИМА соати 19:30 ба вақти шаҳри Душанбе ба мустақиман тариқи ТВ “Футбол” манзури бинандагон мегардад.
Футболи бонувон. Бозиҳои олимпӣ. Финал
10 августи соли 2024, шанбе. 19:30 бо вақти Душанбе
Бразилия (б) - ИМА (б)
Ёдовар мешавем, ки бразилиягиҳо дар роҳ ба финал дар бозии чаҳорякниҳоӣ тими Фаронсаро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, дар даври ниманиҳоӣ тими миллии занонаи Испанияро бо ҳисоби 4:2 мағлуб карданд. Амрикоиҳо бошанд дар вақти иловагии бозии даври 1/4 финалӣт бо ҳисоби (1:0) бар Ҷопон зафар ёфта, дар марҳилаи 1/2 финалӣ бар Олмон дар вақти изофӣ бо ҳисоби (1:0) пирӯз шуда буданд.