LIVE

БО-2020: Бразилия финалисти Олимпиада шуд

Мексика ва Бразилия дар даври ниманиҳоии мусобиқаи олимпии футболи мардона рақобат карданд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи футболи «Кашима» -и шаҳри Касима (Ҷопон) баргузор шуд.
Ҳеҷ кадоме аз дастаҳо дар вақти асосӣ ва изофӣ гол зада натавонистанд. Ғолиб бояд дар зарбаи пеналтӣ муайян мешуд, ки дар он бразилиягиҳо дақиқтар буданд. Дани Алвес, Габриэл Мартинелли, Бруно Гимарайнс ва Рейри зарбаҳои худро амалӣ карданд. Аз мексикоиҳо Эдуардо Агирре ва Хоан Васкес ба дарвоза зарба зада натавонистанд ва танҳо Карлос Родригес гол зад. Ҳамин тариқ, Бразилия дар пеналтӣ пирӯз шуд - 4:1.
Дувумин финалисти мусобиқаи олимпии футболбозон дар бозии байни тимҳои миллии Ҷопон ва Испания, ки имрӯз, 3 август, дар Сайтама  баргузор мешавад, муайян хоҳад шуд. Оғози бозӣ соати 16-00.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив