LIVE

Испания роҳхати финали Бозиҳои олимпиро ба даст овард

Дар бозии дуюми нимфиналии мусобиқаи футболи Бозиҳои олимпии Токио-2020 байни мардон дастаҳои мунтахаби Ҷопон ва Испания бо ҳам рақобат краданд. Бозӣ дар Сайтама (Ҷопон)  баргузор шуд ва бо ҳисоби 0:1 хотима ёфт.

Дар вақти асосӣ дастаҳо натавонистанд ғолибро муайян кунанд ва ҳатто гол зананд. Тақдири бозӣ дар вақти иловагӣ ҳал шуд. Дар дақиқаи 115 -ум ҳамлагари тими миллии Испания Марко Асенсио пас аз партофти нимҳимоятгар Микел Оярсабал голи ягонаро ба ҳадаф расонд.

Ҳамин тариқ, тими миллии Испания ба финали мусобиқаи футболи олимпӣ расид, ки дар он ҷо бо Бразилия бозӣ мекунад. Финал  7 август баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив