Дар доираи бозиҳои даври дуюми марҳилаии гурӯҳии мусобиқаи футбол дар доираи бозиҳои олимпии Токио яккачини Аргентина бо мунтахаби Миср рақобат намуд. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Саппоро Доум»-и Саппоро доир шуда, бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди аргентиниҳо хотима ёфт. Ягона голи рақобатро дар дақиқаи 52-юм ҳимоятгари Аргентина Фаакундо Медина ба самар расонид.
Дар бозии дигари гурӯҳи С мунтахаби олимпии Испания бо ҳисоби 1 бар 0 Австралияро мағлуб сохт.
Футбол. Бозиҳои олимпӣ
Миср- Аргентина 0 - 1(0 - 0)
Зеландияи нав - Гондурас 2 - 3(1 - 1)
Фаронса - Африқои Ҷанубӣ 4 - 3(0 - 0)
Бразилия - Кот-д'Ивуар 0 - 0(0 - 0)
Австралия -Испания 0 - 1(0 - 0)
Руминия - Кореяи Ҷанубӣ 0 - 4(0 - 1)
Ҷопон - Мексика 2 - 1(2 - 0)
Арабистони Саудӣ - Олмон 2 - 3(1 - 2)