Бозии даври 1/32 ниҳоии Ҷоми Англия миёни дастаҳои “Арсенал”-и Лондон ва “Манчестер Юнайтед”-и шаҳри Манчестер ба анҷом расид. Бозӣ дар варзишгоҳи “Эмирейтс”-и Лондон баргузор шуда, вақти асосӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт ва дар силсилазарбаҳои пеналтӣ “Манчестер Юнайтед” бо ҳисоби 5:3 ғалаба кард.
Ҷоми ФА. даври 3-ум
12 январи соли 2025, якшанбе. 20:00 бо вақти Душанбе
“Арсенал” (Лондон) 1:1 (3:5) “Манчестер Юнайтед” (Манчестер)
0:1 Фернандеш – 52' 1:1 Магалянс – 63'
Корти сурх: Далот – 61'
Ҳисоб дар ин бозӣ дар дақиқаи 52-юм боз шуд, замоне, ки нимҳимоятгари дастаи “Манчестер Юнайтед” Бруну Фернандеш голро ба самар расонд. Дар дақиқаи 61-ум меҳмонон баъди корти сурх гирифтани Диогу Далот даҳнафара монданд. Дар дақиқаи 63-юм бошад Габриэл Магалянс ҳисобро баробар кард. Нимҳимоятгари дастаи “Арсенал” Мартин Эдегор дар дақиқаи 70-ум имкони пешсафӣ дар ҳисобро аз зарбаи ҷаримаи 11-метра аз даст надод. Вақти иҷроиши силсилазарбаҳои пеналтӣ бошад Кай Хавертс зарбаи худро ба самар расонида натавонист.
Ғолиби феълии Ҷоми Англия «Манчестер Юнайтед» мебошад, ки дар бозии финалии мавсими гузашта бар «Манчестер Сити» бо ҳисоби 2:1 ғолиб омада буд.