Бозии даври 10-уми Премйер-Лигаи Англия миёни дастаҳои «Манчестер Юнайтед» ва «Челси» дар варзишгоҳи Олд Траффорд бо натиҷаи ниҳоӣ 1:1 ба анҷом расид.
Англия - Премйер-лига. Даври 10-ум
03-юми ноябри соли 2024, якшанбе. Соати 21-30 бо вақти Душанбе
“Манчестер Юнайтед” 1:1 “Челси”
1:0 Фернандес – 70' 1:1 Кайседо – 74'
Дастаҳо дар нимаи аввал ба дарвозаи ҳамдигар гол зада натавонистанд. Дар дақиқаи 70-ум нимҳимоятгари дастаи «Манчестер Юнайтед» Бруно Фернандеш аз нуқтаи 11-метра голро ба самар расонд. Нимҳимоятгари дастаи “Челси” Моизес Кайседо бошад дар дақиқаи 75-ум голи ҷавобӣ зад.
«Манчестер Юнайтед» дар ҷадвали Премйер-Лигаи Англия дар ҷои 13-ум қарор дорад. Даста аз 10 бозй 12 хол гирифт. «Челси» бошад бо 18 хол дар зинаи чорум мебошад.