LIVE

Рубен Аморим дастоварди Алекс Фергюсонро такрор кард

«Манчестер Юнайтед» дар бозии даври 16-уми Премер-Лигаи Англия бар тими «Манчестер Сити» бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Ҳамин тариқ, Рубен Аморим дар  аввалин дербии шаҳри Манчестер ғалаба кард. Қаблан ба ин дастовард танҳо сармураббии дастони “манкунианиҳо” сэр Алекс Фергюсон муваффақ шуда буд.
Англия - Премер-лига. Даври 16
15 декабри соли 2024, якшанбе. Соати 21-30 бо вақти Душанбе
“Манчестер Сити” (Манчестер) 1:2 “Манчестер Юнайтед” (Манчестер)
1:0 Гвардиол – 36'     1:1 Фернандеш – 88’     1:2 Диалло – 90’
Ҳисобро дар ин бозӣ дар дақиқаи 36-ум аз ҷониби ҳимоятгари дастаи “Манчестер Сити” Йошко Гвардиол кушода шуд. Дар дақиқаи 88-ум Бруну Фернандеш аз зарбаи пеналтӣ ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 90-ум бошад ҳамлагари «Манчестер Юнайтед» Амад Диалло дастаашро ба пеш баровард.
«Манчестер Сити» аз 16 бозӣ 27 имтиёз дорад ва дар ҷадвали Премер Лига дар ҷои панҷум мебошад. «Манчестер Юнайтед» бошад бо 22 имтиёз дар зинаи 12-ум қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив