Имрӯз, 9-уми апрел нахустин бозии даври 1/4 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА баргузор мешавад, ки дар он дастаҳои “ПСЖ” ва “Астон Вилла” вомехӯранд. Бозӣ дар варзишгоҳи “Парк де Принс”-и Париж таҳти сарварии Маурисио Мариани соати 00:00 бо вақти Душанбе оғоз мешавад.
Дар даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо ПСЖ бар «Ливерпул» ғалаба кард (1:1, аз пеналтӣ 1:4). “Астон Вилла” бар “Брюгге” бо ҳисоби 6:1 бар ду бозӣ ғалаба карда буд.
Лигаи чемпионҳо. 1/4 финал. Бозии 1-ум
10 апрели соли 2025, панҷшанбе. 00:00 ДШБ
“ПСЖ” (Париж, Фаронса) – “Астон Вилла” (Бирмингем, Англия)
Ёдовар мешавем, ки бозии якуми даври чорякниҳоӣ миёни дастаҳои “ПСЖ”-и Париж ва “Астон Вилла”-и Бирмингем соати 00:00 ба вақти Душанбе мустақиман тариқи ТВ “Футбол” манзури бинандагон гардонида мешавад.
Ғолиби феълии Лигаи Чемпионҳо Реал Мадрид аст. «Қаймоқиҳо» дар финали сабқати гузашта бар «Боруссия»-и Дортмунд (2:0) пирӯз шуда буд. Илова бар ин, Реал Мадрид аз рӯи шумораи ғалабаҳо дар Лигаи Чемпионҳо дорои нишондоди рекордии мутлақ аст. Ҷониби «лос-бланкос» 15 маротиба дар ин мусобиқот пирӯз шудааст.