LIVE

Бозии рӯз дар ТВ “Футбол”: “Бавария”- “Интер”

Имрӯз, 8-уми апрел, нахустин бозии даври чаҳорякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА баргузор мешавад, ки дар доираи он дастаҳои “Бавария”-и Мюнхен ва “Интер”-и Милан вомехӯранд. Бозӣ соати 00:00 бо вақти Душанбе дар варзишгоҳи Арена Мюнхен баргузор мешавад. Ин бозӣро ҳайати доварони шветсарӣ таҳти сарварии Сандро Шерер ҳакамӣ мекунанд.  
Лигаи чемпионҳо. 1/4 финал. Бозии 1-ум
09 апрели соли 2025, чоршанбе. 00:00 ДШБ
“Бавария” (Мюнхен, Олмон) – “Интер” (Милан, Италия)
Ёдовар мешавем, ки бозии якуми даври чорякниҳоӣ миёни дастаҳои “Бавария”-и Мюнхен ва “Интер”-и Милан соати 00:00 ба вақти Душанбе мустақиман тариқи ТВ “Футбол” манзури бинандагон гардонида мешавад.  
Ғолиби феълии Лигаи Чемпионҳо Реал Мадрид аст.  «Қаймоқиҳо» дар финали сабқати гузашта бар «Боруссия»-и Дортмунд (2:0) пирӯз шуда буд. Илова бар ин, Реал Мадрид аз рӯи шумораи ғалабаҳо дар Лигаи Чемпионҳо дорои нишондоди рекордии мутлақ аст. Ҷониби «лос-бланкос» 15 маротиба дар ин мусобиқот пирӯз шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив