LIVE

“Бавария” дар даври ¼-ниҳоии ЛЧ бо “Интер” бозӣ мекунад

Дар марҳилаи чаҳорякниҳоии Лигаи Чемпионҳо дастаҳои “Бавария” ва “Интер” бо ҳам бозӣ мекунанд. Пас аз натоиҷи бозиҳои марҳилаи ҳаштякниҳоӣ дастаҳо дар даври чаҳорякниҳоӣ рақиби якдигар гардиданд.
Бозии ҷавобии марҳилаи ҳаштякниҳоии Лигаи Чемпионҳо миёни дастаҳои “Байер” ва “Бавария” ба анҷом расид. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Бай-Арена”-и шаҳри Леверкузени Олмон баргузор шуд. Бозиро ҳайати доварон аз Словения бо роҳбарии Славко Винчич ҳакамӣ карданд. “Баврия” бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯзӣ ба даст овард. Аз натоиҷи бозии рафту баргашт тими шаҳри Мюнхен бо ҳисоби 5 бар 0 пирӯз шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳашро ҳамвор намуд.
Ҳисобро дар ин бозӣ дар дақиқаи 52-юм ҳамлагари “Бавария” Ҳарри Кейн кушод. Дар дақиқаи 71-ум Алфонсо Дэвис аз паси головари Кейн истифода бурда, ҳисобро дуболо намуд. Ҳарри Кейн голи 10-умашро дар мавсими имсолаи Лигаи Чемпионҳо ба самар расонида, аввалин бозигари англис шуд, ки дар мусобиқаи мазкур 10 гол дар як мавсим задааст.
Бозии ҷавобии даври ҳаштякниҳоии Лигаи Чемпионҳо миёни дастаҳои “Интер”-и Италия ва “Фейеноорд”-и Нидерланд ба анҷом расид. Дастаҳо дар варзишгоҳи "Сан-Сиро" дар Милани Италия бозӣ карданд. Ин вохӯриро ҳайати доварони Словакия таҳти роҳнамоии Иван Кружляк идора карданд. Дар ин бозӣ “Интер” бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Баъди ин ду бозӣ “Интер” бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуда, ба даври чаҳорякниҳоии Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфт.
Голҳои “Интер”-ро Маркус Тюрам ва Ҳакан Чалҳоноғлу ба самар расониданд. Ягона голи “Фейеноорд”-ро Якуб Модер марбути номи хеш намуд.
Дастаҳои "Бавария" ва "Интер" дар марҳилаи чаҳорякниҳоии Лигаи Чемпионҳо рӯзҳои 9-ум ва 16-уми апрел бозӣ мекунанд. Бозии аввал дар шаҳри Мюнхен ва бозии ҷавобӣ дар Милан доир мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив