"Бавария" дар бозии аввали даври 1/8 финалии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА бо тими "Байер" рӯбарӯ шуд. Ин рақобат дар варзишгоҳи “Арена Мюнхен”-и шаҳри Мюнхен баргузор шуда, бо ҳисоби 3:0 ба фоида мизбонон ҷамъбаст гардид.
Лигаи чемпионҳо. 1/8 финал. Бозии 1-ум
06 марти соли 2025, панҷшанбе. 01:00 бо вақти Душанбе
“Бавария” (Мюнхен, Олмон) 3:0 “Байер” (Леверкузен, Олмон)
1:0 Кейн – 9' 2:0 Мусиала – 54' 3:0 Кейн – 75'
Корти сурх: Мукиеле – 62'
Аллакай дар дақиқаи нӯҳуми бозӣ ҳамлагари дастаи шаҳри Мюнхен Ҳарри Кейн дастаи худро ба пеш баровад. Дар дақиқаи 54-ум бошад нимҳимоятгари мизбонон Ҷамол Мусиала аз иштибоҳи дарвозабони «Байер» Матей Ковар истифода намуда, ҳисобро дучанд кард. Дар дақиқаи 75-ум Кейн аз зарбаи ҷаримавии ёздаҳметра ҳисобро се бар сифр намуд. Дарвозабон ва капитани «Бавария» Мануэл Нойер, ки ин бозӣ, ки барояш 150-умин бозӣ дар Лигаи қаҳрамонҳо буд, бар асари ҷароҳат дар дақиқаи 58-ум майдонро тарк кард. Дар дақиқаи 62-юм ҳимоятгари «Байер» Норди Мукиеле вобаста ба гирифтани корти зарди дуюм аз майдон хориҷ шуд.
Бозии ҷавобӣ миёни ин тимҳо рӯзи сешанбеи 11 март дар Леверкузен баргузор мешавад.