LIVE

“Бавария” натавонист, ки “Селтик”-ро шикаст диҳад, лек ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ ёфт

Бозии ҷавобии даври плей-оффи Лигаи Чемпионҳо миёни дастаҳои “Бавария” ва “Селтик” ба охир расид. Дастаҳо дар варзишгоҳи “Мюнхен Арена”-и Олмон бозӣ карданд. Ин вохӯриро ҳайати доварони фаронсавӣ таҳти раҳбарии Бенуа Бастиен ҳакамӣ карданд. Бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба охир расид. Аз ҳисоби бозии рафту баргашт ҳисоб 3 бар 2 ба фоидаи “Бавария” шуд ва тими шаҳри Мюнхен ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар дақиқаи 63-юм ҳамлагари дастаи “Селтик” Николас-Геррит Кюн ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 90+4-ум ҳимоятгари “Бавария” Алфонсо Дэвис мувозинатро барқарор кард.

Ёдовар мешавем, ки бозии аввалини плей-офф миёни дастаҳои “Бавария” ва “Селтик” бо пирӯзии тими Мюнхен бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфта буд.
Ҳамакнун, “Бавария” дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ бо дастаҳои “Атлетико” ва “Байер” бозӣ хоҳад кард. Дар натиҷаи қуръакашӣ яке аз ин дастаҳо рақиби “Бавария” мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив