Бозии ҷавобии даври плей-оффи Лигаи Чемпионҳо миёни дастаҳои “Бенфика” ва “Монако” ба анҷом расид. Дастаҳо дар шаҳри Лиссабони Португалия бозӣ карданд. Ин вохӯриро ҳайати доварони шведӣ таҳти роҳбарии Глен Нюберг ҳакамӣ намуданд. Ҳисоби ниҳоии бозӣ 3:3 анҷом ёфт.
Ҳисобро дар ин бозӣ дар дақиқаи 22-юм кушода шуд. Нимҳимоятгари тими “Бенфика” Карим Актуркоғлу муаллифи гол шуд. Дар дақиқаи 32-юм Такуми Минамино ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 51-ум Элис Бен-Сегир меҳмононро дар ҳисоб ба пеш баровард. Дар дақиқаи 76-ум Вангелис Павлидис аз пеналтӣ ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 81-ум Георгий Иленикена тӯби сеюми меҳмононро зад. Дар дақиқаи 84-ум мизбонон ба шарофати голи Оркун Кёкчу боз ҳисобро баробар карданд.
Бозии аввали плей-офф байни дастаҳо бо пирӯзии “Бенфика” бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт. Баъди анҷоми ду бозӣ дастаи шаҳри Лиссабон ба даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфт.