LIVE

 “Милан” бо Лигаи Чемпионҳо видоъ кард

Бозии ҷавобии даври плей-оффи Лигаи Чемпионҳо байни дастаҳои “Милан” ва “Фейеноорд” ба анҷом расид. Дастаҳо дар варзишгоҳи "Сан-Сиро" дар Милани Италия бозӣ карданд. Ин вохӯриро ҳайати доварон аз Лаҳистон бо сарварии Шимон Марчиняк идора карданд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.

Дар дақиқаи якуми бозӣ ҳамлагари “Милан” Сантяго Хименес ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 51-ум ҳимоятгари мизбонон Тео Эрнандес корти дуюми зардро гирифт, ки мубаддал ба корти сурх шуд.   Дар дақиқаи 73-юм ҳамлагари “Фейеноорд” Хулиан Карранса ҳисоби бозиро баробар намуд.

Бозии аввалини плей-офф миёни “Милан” ва “Фейеноорд” бо пирӯзии тими Нидерланд бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфта буд. Баъди ду бозӣ “Фейеноорд” ба даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив