Дар даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо миёни дастаҳои "Милан" ва "Тоттенҳэм" баргузор шуд. Дастаҳо дар варзишгоҳи «Сан-Сиро» бозӣ карданд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи дастаи Стефано Пиоли анҷом ёфт.
Ин пирӯзӣ барои бошгоҳи миланӣ дар плей-оффи Лигаи Чемпионҳо дар нӯҳ соли охир аввалин бор буд - бори охир миланиҳо дар плей-оффи Лигаи Чемпионҳо моҳи феврали соли 2013 ғалаба карда буд. Он вақт дар бозии аввали марҳилаи 1/8 финал "Барселона"-ро мағлуб карда буд.
Бозии ҷавобӣ миёни “Тоттенҳэм” ва “Милан” рӯзи 8 март дар Лондон баргузор мешавад.