LIVE

12 иштирокчии плей-оффи Лигаи чемпионҳо муайян шуд

Пас аз анҷоми бозиҳои даври 5-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо 12 даста ба даври плей-офф роҳ ёфт.
Аз гурӯҳи “А” дастаҳои “Наполи” ва “Ливерпул”, аз гурӯҳи “В” дастаҳои “Брюгге” ва “Порту”, аз гурӯҳи “С” дастаҳои “Бавария” ва “Интер”, аз гурӯҳи “Е” дастаи “Челси”, аз гурӯҳи “F” дастаи “Реал Мадрид” аз гурӯҳи “G” дастаҳои “Манчестер Сити” ва “Боруссия”-и Дортмунд, аз гурӯҳи “Н” дастаҳои “ПСЖ” ва “Бенфика” ба даври плей-оффи Лигаи чемпионҳо баромаданд.

Дар гурӯҳи “D” чаҳор даста “Тоттенхэм” (8 имтиёз), “Спортинг” (7 имтиёз), “Айнтрахт” (7 имтиёз) ва “Марсел” (6 имтиёз) –и ба даст овардаанд ва тақдири роҳ ёфтан ба даври плей-офф дар бозиҳои даври 6-ум мушаххас хоҳад шуд.

Дар гурӯҳи “Е” дастаҳои “Милан” (7 имтиёз), “Залтсбург” (6 имтиёз) ва “Динамо Загреб” (4 имтиёз)-ӣ доранд ва яке аз ин дастаҳо ба даври плей-офф роҳ меёбад.  
Дар гурӯҳи “F” дастаҳои “Лейптсиг” (9 имтиёз) ва “Шахтер” (6 имтиёз) барои роҳ ёфтан ба даври плей-офф талош меварзанд.
Ҳамин тавр, пас аз даври 6-уми марҳилаи гурӯҳӣ 4 дастаи боқимонда ба даври плей-оффи Лигаи Қаҳрамонҳо роҳ меёбанд. Бозиҳои охири марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 2-юм ва 3-юми ноябр  баргузор мегарданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив