LIVE

11 дастаи иштирокчии плей-оффи Евро-2020 муайян шуд

Ёздаҳ дастаи иштирокчии плей-оффи Евро-2020 пас аз ба охир расидани марҳилаи муқаддамотӣ дар гурӯҳҳои А, В ва С муайян шуданд. 
     Тибқи низомномаи чемпионати Аврупо, илова ба ду дастаи аввалини ҳар шаш гурӯҳ, чаҳор дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои сеюмро гирифтанд, ба плей-оффи мусобиқа роҳхат мегиранд. Ҷойи аввалро дар гурӯҳи А дастаи Италия, дуввумро тими мунтахаби Уэлс ишғол карданд. Дар гурӯҳи B  Белгия мақоми аввал, Дания дувумро касб намуданд. Нидерландия дар гурӯҳи C ғалаба кард,  Австрия дуюм шуд.

    Дастаи мунтахаби Швейтсария, ки дар гурӯҳи "А" мақоми севумро касб карда (чор хол), ба марҳилаи 1/8 ниҳоии чемпионати Аврупо  баромад, зеро миқдори холҳо аз тимҳои Финландия ва Украина зиёд аст (ҳарду - се хол). Пеш аз даври охирин дар гурӯҳи D дастаҳои Англия ва Чехия ҳар кадоме чор имтиёз ба даст оварданд. Онҳо наметавонанд аз ҷои севум поин шаванд ва аз рӯи шумораи холҳо низ аз украиниҳо ва финҳо пешанд.

Дар гурӯҳи E шведҳо чор имтиёз доранд ва дар гурӯҳи F фаронсавиҳо низ ҳамин миқдор холҳоро ба даст овардаанд. Ҳарду даста наметавонанд дар гурӯҳҳои худ аз ҷои сеюм поён фароянд.
    Тими миллии Италия дар марҳилаи 1/8 ниҳоӣ дар Лондон бо тими Австрия бозӣ мекунад ва Дания дар Амстердам бо Уэлс вомехӯрад. Ҳарду бозӣ 26 июн баргузор мешаванд. Боқимондаи ҷуфтҳои плей-офф ҳанӯз муайян нашудаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив