LIVE

“Аталанта” ба таври ғайричашмдошт тарки ЛЧ намуд

Бозии ҷавобии даври плей-оффи Лигаи Чемпионҳо миёни дастаҳои “Аталанта”-и Италия ва “Брюгге”-и Белгия ба охир расид. Дастаҳо дар Бергамои Италия бозӣ карданд. Ин бозӣро ҳайати доварони олмонӣ таҳти раҳбарии Феликс Звайер ҳакамӣ намуданд. Дастаи “Брюгге” бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.

Ҳисоб дар бозӣ дар дақиқаи сеюм кушода шуд. Нимҳимоятгари “Брюгге” Шемсдин Талби гол зад. Дар дақиқаи 27-ум Талби голи навбатиро зада, муаллифи дубл шуд. Дар дақиқаи 45+3 Ферран Ҷутгла голи сеюми “Брюгге”-ро ба самар расонид. Дар дақиқаи 46-ум Адемола Лоукман аз ҳайати “Аталанта” год зад.

Ёдовар мешавем, ки бозии аввали плей-офф байни дастаҳо бо пирӯзии “Брюгге” бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфта буд. Баъди анҷоми ду бозӣ дастаи “Брюгге”ба даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив