Имрӯз, 7-уми май дар доираи бозии ҷавобии даври ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА дастаҳои «ПСЖ» ва «Арсенал» дар варзишгоҳи Парк де Пренси шаҳри Париж ба ҳам меоянд. Рақобати мазкур соати 00:00 бо вақти Душанбе оғоз гардида, ба таври мустақим тариқи ТВ “Футбол” манзури бинандагон гардонида мешавад.
Лигаи чемпионҳо. 1/2 финал. Бозии 2-юм
08 майи соли 2025, панҷшанбе. 00:00 ДШБ
“ПСЖ” (Париж, Фаронса) – “Арсенал” (Лондон, Англия)
Вохурии аввалини ин дастаҳо бо ҳисоби 0:1 ба нафъи парижиҳо анҷом ёфт. Дар сафи “ПСЖ” голи ягонаи Усмон Дембеле дар дақиқаи пирӯзии сафариро таъмин намуда буд.
Дар финали Лигаи Чемпионҳо ғолиби ин ҷуфт бо дастаи “Интер” вомехӯрад.