Имрӯз, 6-уми май дар доираи бозии ҷавобии даври ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА дастаҳои «Интер» ва «Барселона» дар варзишгоҳи Сан-Сиро (Ҷузеппе Меацца) дар шаҳри Милан ба ҳам меоянд. Рақобати мазкур соати 00:00 бо вақти Душанбе оғоз гардида, ба таври мустақим тариқи ТВ “Футбол” манзури бинандагон гардонида мешавад.
Лигаи чемпионҳо. 1/2 финал. Бозии 2-юм
06 майи соли 2025, чоршанбе. 00:00 ДШБ
“Интер М” (Милан, Италия) – “Барселона” (Барселона, Испания)
Вохурии аввалини ин дастаҳо бо ҳисоби 3:3 анҷом ёфт. Дар сафи “нилунориҳо” ҳамлагарон Ламин Ямал ва Ферран Торрес муаллифи гол шуданд. Ҳамчунин як голи дигарро дарвозабони «Интер» Янн Соммер вориди дарвозаи худ кард. Аз дастаи меҳмон бошад ҳамлагар Маркус Тюрам ва ҳимоятгар Дензел Дамфрис (ду гол) голҳоро ба самар расониданд.
Дар финали Лигаи Чемпионҳо ғолиби “Интер” ё “Барселона” бо ғолиби бозии “Арсенал” – ПСЖ вомехӯрад.