LIVE

Бозии рӯз дар ТВ “Футбол”: “Астон Вилла” – “ПСЖ”

Имрӯз, 15-уми апрел бозии ҷавобии даври 1/4 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА баргузор мешавад, ки дар он дастаҳои “Астон Вилла”-и Англия ва ПСЖ-и Фаронса вомехӯранд. Дастаҳо дар варзишгоҳи Вилла Парк дар шаҳри Бирмингеми таҳти ҳакамии ҳайати доварони кишвари Испания бо раҳбарии Хосе Санчес Мартинес соати 00:00 ба вақти Душанбе ба ҳам меоянд. Бозии аввал бо галабаи “парижиҳо” бо ҳисоби 3:1 анҷом ёфта буд.
Ёдовар мешавем, ки бозии дуюми даври чорякниҳоӣ миёни дастаҳои “Астон Вилла”-и Бирмингем ва “ПСЖ”-и Париж  соати 00:00 ба вақти Душанбе мустақиман тариқи ТВ “Футбол” манзури бинандагон гардонида мешавад.  
Лигаи чемпионҳо. 1/4 финал. Бозии 2-юм
16-уми апрели соли 2025, сешанбе. 00:00 ДШБ
“Астон Вилла” (Бирмингем, Англия) -  “ПСЖ” (Париж, Фаронса)
Дар даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо ПСЖ бар «Ливерпул» ғалаба кард (1:1, аз рӯи пеналтӣ 1:4). “Астон Вилла” дар навбати худ “Брюгге”-ро бо ҳисоби 6:1 бар ду бозӣ шикаст дода буд.
Ғолиби феълии Лигаи Чемпионҳо Реал Мадрид аст. «Қаймоқҳо» дар финали сабқати гузашта бар «Боруссия»-и Дортмунд (2:0) пирӯз шуда буданд. Илова бар ин, “Реал Мадрид” аз рӯи шумораи ғалабаҳо дар Лигаи Чемпионҳо дорои рекорди мутлақ аст. «Галактикос» 15 маротиба дар ин мусобиқот пирӯз шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив