Сармураббии “Челси” Лиам Россениор эълон кард, ки нимҳимоятгар Энсо Фернандес барои ду бозии оянда аз бозӣ маҳрум карда шудааст. Ин нимҳимоятгар қаблан изҳор дошт, ки барои идомаи фаъолияти варзишӣ дар “Реал Мадрид” омода аст.
"Энсо барои бозии фардо (зидди “Порт Вейл” дар Ҷоми Англия - Муҳаррир) ва бозӣ бо “Манчестер Сити” рӯзи якшанбеи оянда дастрас нахоҳад буд. Ӯ аз ҷиҳати фарҳангӣ ва он чизеро, ки мо мехоҳем инҷо бунёд кунем, аз ҳадди ҷойдошта гузаштааст", - гуфтааст Россениор аз Mirror.
Ин мавсим бозигари аргентинӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо 46 бозӣ дар сафи “Челси” анҷом дода, 12 голу шаш партофти головар ба омор гирифтааст.
