Агар сармураббии феълии бошгоҳи “Челси” Энсо Мареска истеъфо диҳад, сармураббии собиқи “Барселона” Хави метавонад сармураббии “Челси” шавад, хабар медиҳад Football Insider.
Ба гуфтаи як манбаъ роҳбарияти бошгоҳи шаҳри Лондон аз рафтори сармураббӣ дар нишастҳои матбуотии ахир, ки дар он Мареска гуфт, ки на ҳама дастаро дастгирӣ мекунанд, норозӣ аст.
Хави 45-сола аз соли 2021 то 2024 бошгоҳи каталониро идора кардааст. Мураббии испанӣ бошад аз замони барканор шуданаш бекор буд. Моҳи ноябри соли ҷорӣ Хави пешниҳоди роҳбарияти “Спартак Москва”-ро рад кард.
“Челси” пас аз 16 бозӣ дар ҷадвали Премер-лигаи Англия дар ҷои чорум аст.
