LIVE

Лиам Розенйор - панҷумин сармураббии доимии “Челси” дар шаш сол

Мураббии англис Лиам Розенйор панҷумин сармураббии доимии “Челси” дар шаш соли охир шуд -  иттилоъ медиҳад телеграм-канали Opta Sports. Ӯ бо "кабудҳо" то соли 2032 шартнома баст.
Розенйор 41-сола буда, қаблан дар дастаҳои "Дерби Каунти" ва "Халл Сити", дастаҳои дивизионҳои сеюм ва дуюми Англия кор мекард. Аз соли 2024 инҷониб, ӯ сармураббигии бошгоҳи фаронсавии “Страсбур”-ро ба ӯҳда дорад, ки дар асл бошгоҳи таъминкунандаи “Челси” аз ҳисоби доштани як молики муштарак мебошад.
Бошгоҳи шаҳри Лондон қаблан истеъфои Энсо Марескаро эълон карда буд. “Челси” айни замон бо 31 имтиёз аз 20 бозӣ дар зинаи панҷуми ҷадвали Премер-лигаи Англия  қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив