LIVE

"Челси" дар даври 30-юми ПЛА бар "Тоттенхэм" ғалаба кард

Бозии даври 30-юми Премйер-Лигаи Англия, ки дар он дастаҳои “Челси” ва “Тоттенҳэм”-и Лондон вохӯрданд,  дар варзишгоҳи Стэмфорд Бриҷ   бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи “кабудҳо” анҷом ёфт.
Англия - Премер-лига. Даври 30-юм
04 апрели соли 2025, ҷумъа. 00:00 бо вақти Душанбе
“Челси” (Лондон) 1:0 “Тоттенхэм Хотспур” (Лондон)
1:0 Фернандес – 50'
Ҳисоби ин бозиро нимҳимоятгари дастаи «Челси» Энсо Фернандес аз паси Коул Палмер дар дақиқаи 50-ум кушод. Дар дақиқаи 56-ум бошад Мойзес Кайседо аз тими мизбон як голи дигар зад, аммо пас аз баррасии VAR ин гол бекор карда шуд. Нимҳимоятгари “Тоттенҳэм” Папе Матар Сарр дар дақиқаи 69-ум тавонист ба дарвозаи “Челси” голи ҷавоб занад, аммо пас аз баррасии VAR ин гол низ лағв шуд.
«Челси» айни ҳол дар ҷои чоруми ҷадвали Премер-Лигаи Англия қарор дошта, шогирдони Энсо Мареска аз 30 бозй 52 хол ба даст оварданд. «Тоттенҳэм» бошад пас аз 30 бозӣ бо 34 имтиёз дар зинаи 14-ум қарор дорад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив