LIVE

“Челси” аз аввалин ғалабаи хеш дар соли 2025 истиқбол гирифт

Бозии даври 22-юми Лигаи Англия, ки дар он дастаҳои “Челси”-и Лондон ва “Вулверҳэмптон” вохӯрданд,  дар варзишгоҳи Стэмфорд Бриҷ дар Лондон  бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 3:1 ба анҷом расид.
Англия - Премер-лига. Даври 22-юм
21 январи соли 2025, Сешанбе. 01:00 бо вақти Душанбе
“Челси” (Лондон) 3:1 “Вулверхэмптон” (Вулверхэмптон)
1:0 Адарабио – 24'     1:1 Доэрти – 45+5'     2:1 Кукуреля – 60'     3:1 Мадуеке – 65'
Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 24-ум бо голи ҳимоятгари “Челси” Тосин Адарабио боз шуд. Дар дақиқаи 45+5-ум Мэтт Доэрти ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 60-ум бошад Марк Кукуреля мизбононро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 65-ум Нони Мадуеке ҳисоби ниҳоии вохӯриро муқаррар кард – 3:1.
«Челси» бо 40 хол аз 22 вохурй дар зинаи чоруми ҷадвали Премер-Лигаи Англия қарор дорад. “Вулверхэмптон” бошад пас аз даври 22-юм 16 имтиёз ба даст оварда, дар зинаи 17-ум мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив